МУҲЛАТИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН БИНОБАР ЗИЁД БУДАНИ ТЕЪДОДИ ОНҲО ТАМДИД ГАРДИД. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ бештар кадом ихтисосҳоро интихоб менамоянд?

Апрель 29, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 29.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бинобар зиёд будани хоҳишмандон ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаву олии касбӣ то 30 апрел тамдид карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, то рӯзи 25 апрел 89 ҳазору 610 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбии кишвар барои ширкат дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ҳуҷҷат супоридаанд.

ДАР АКС: ёвари директори ММТ А. Шодиниё

Яке аз ихтисосҳои машҳури имрӯза «Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Барои як ҷой дар ин ихтисос 533 нафар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд. Махсусан шуъбаи рузона, шакли ройгони таҳсил маъмул аст, таъкид кард Абдулбосит Шодиниё.

Дар ҷои дуюм ихтисоси «Андоз ва андозбандӣ» ва  дар ҷои сеюм «Санҷиши судӣ» қарор доранд. Аз рӯйи онҳо дар   1 ҷойи нақшавӣ мутаносибан  370 ва 348 нафар ҳуҷҷат супоридаанд.

Ба довталабон дар яке аз 5 кластер то 12 ихтисос пешниҳод карда мешавад.

Ёвари директори ММТ Абдулбосит Шодиниё ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 тавсия медиҳад, ки пешакӣ бо  ихтисосҳо шинос шаванд ва тасмим гиранд, зеро ин ба имкони дохил шудан ба муассисаи таълимии муайян таъсир мерасонад. Он гоҳ ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро бо рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои  интихоб кардаашон пешакӣ омода намуда, баъдан дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд.

Барои ин онҳо метавонанд аз хизматрасонии «Пешномнависӣ»,  ки дар сомонаи Марказ дастрас аст, истифода намоянд, ки ба сарфаи вақти ҳам довталабон ва ҳам кормандони марказ мусоидат мекунад.


Дар худи ҳамон сомона онҳо метавонанд омори раванди бақайдгириро пайгирӣ кунанд, инчунин дар ҳолати зарурӣ интихоби ихтисосро   тағйир диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо моҳи июл оғоз мешаванд. Хатмкунандагони мактабҳо метавонанд имтиҳонро дар хамаи нуқтаҳои муайянгардидаи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ супоранд. Маълум аст, ки барои тасдиқи шахсияти довталабони имтиҳонҳо ташхиси изи ангушт гузаронида мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Тоҳир Саид/АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид