Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони мактабҳои аз ҷониби Федератсияи Русия сохташаванда шинос шуд

Апрель 4, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 04.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии аз ҷониби Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе сохташаванда шинос шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зикр шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур барои 1224 ҷойи нишаст дар як баст идома дошта, дар доираи амалигардонии Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад.

Зимни боздид муовини Сарвазири Тоҷикистон ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ намуда, бо масъулин ва сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат анҷом дод.

Дар иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, тибқи нақшаи пешакӣ, муассисаи таълимӣ соли равон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ҳамчунин муовини Сарвазири мамлакат ба масъулин ва сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКСҲО: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 4, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид