Охири моҳи апрел ва аввали май Тоҷикистонро ҳавои номусоид интизор аст. Таъсири он ба соҳаи кишоварзӣ чӣ гуна аст?

Апрель 22, 2022 10:05

ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар охири моҳи апрел ва аввали моҳи май дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад. Аз 24 то 29 апрел борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ​​ба амал меояд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани жола дар назар аст. 4-5 май боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ​​пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати пешгӯии обуҳавошиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Саидов.

«Дар ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар даҳаи аввали моҳи май ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона баланд мешавад. Охири моҳи апрел дар водиҳо рӯзона 25+30 дараҷа гарм ва дар аввали моҳи май 30+35 дараҷа гарм мешавад, ки ин ба ноҳияҳои кӯҳӣ дахл дорад», — гуфт манбаъ.

Дар охири моҳи апрел дар шарқи ВМКБ ҳаво аз 2-7 то 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Бино ба гуфти мавсуф, дар дигар ноҳияҳои кӯҳӣ ва навоҳии тобеи марказ рӯзона то 20 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Аввали моҳи май дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 25 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар охири моҳи апрел ва аввали моҳи май дар шаҳри Душанбе низ ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад. Дар баъзе рӯзҳо дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд.

Дар вилояти Хатлон моҳи май ҳаво аз меъёр 1-2 дараҷа гарм шуда, дар водиҳо 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо 17+18 дараҷа гарм мешавад. Интизор меравад, ки моҳи май ҳарорати ҳавои атмосферӣ дар водиҳо рӯзона аз 27 то 32+37 дараҷа гарм ва шабона то 12+17 дараҷа гарм шавад. Давоми моҳ ҳаво камабр шуда, баъзан бориши борони шиддатнокиаш гуногун, раъду барқ ​​ва жола дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳавои миёнаи моҳона аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа гарм- дар водиҳо 22+23, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 10+13 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Давоми моҳи май дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр боқӣ монда, баъзан борони шиддатнок, раъду барқ ​​ва жола меборад.

Вобаста ба вазъи номусоиди ҳаво дар охири моҳи апрел ва аввали моҳи май Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон дар чунни рӯзҳо аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, сайругашт дар кӯҳҳо, чидани занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд

Ҳамчунин ба хотири пешгирии оқибатҳои сел аз сокинон хоҳиш мешавад, ки тамоми ҷӯйбору заҳбурҳои назди манзили зисташонро тоза кунанд.

Кумита ба хотири пешгирии садама дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд созанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва муҳимтар аз ҳама, меъёри суръатро риоя кунанд.

Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз дошт, ки вазъи ҳавои пешгӯишуда ба самти пахтапарварӣ фоидабахш аст. Зеро пунбадонае, ки аллакай дар заминҳо кишт шудааст, бо боридани борон бо намӣ таъмин шуда, пурра неш зада мебарояд. Дар ин сурат кори марди деҳқон осон шуда, аз обмонии зиёдатӣ худдорӣ мекунад.

Мавсуф зикр намуд, ки баъд аз боридани борон дар баъзе ноҳияҳои пахтакори мамлакат намӣ зиёд шуда, сафолакҳо пайдо мешаванд. Бояд гуфт, ки хоки мо бештар хусусияти сафолакбандӣ дорад. Ин раванд имконияти неш зада баромадани чигитро маҳдуд мекунад. Барои ин коркарди фаврии рӯякӣ пеш меояд, ки мо бояд корҳои сафолакшиканӣ гузаронида, имконияти аз замин неш зада баромадани чигитро таъмин намоем.

«Як қисми кишоварзони мо аз тухмии лучаки чигит истифода карда, онро бо меъёри аз 25 то 30 килограмм дар 1 гектар сарф кардаанд. Дар ин ҳолат агар онҳо сафолакҳоро нашикананд, имконияти аз замин неш зада баромадани чигите, ки бо меъёри як ё ду дона дар як лона афтидааст, маҳдуд мегардад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, ваъзи номусоиди ҳаво ва меъёри пешгӯишуда ба соҳаи боғу токпарварӣ чандон зарари зиёд надорад. Зеро дар бештари ноҳияҳои мамлакат дар айни ҳол дарахтон ғурра бастаанд. Агар меъёри ҳаво аз 5 дараҷа хунук нагардад, ҳеҷ зиёне ба вуҷуд намеорад. Ин вазъи ҳавои пешгӯишуда барои якчанд ноҳияи мамлакат, ки дарахтони онҳо ба намӣ ниёзи бештар доранд, имконияти хубест.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2022 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад