ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Хатлон 132 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд

Апрель 13, 2022 13:30

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон давоми соли равон баистифодадиҳии 132 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо назардошти қариб 4 ҳазор ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст. Ин матлаб 12 апрел зимни баргузории ҷаласа бо иштироки Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 корхона ва 6 коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 183 ҷойи корӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва сохтмонӣ, маҳсулоти мебелӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо идораю ташкилоти вилоятию минтақавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тамоми кӯшишу ғайратро ба татбиқи сиёсати хирадмандона ва амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат 21 декабри соли 2021 ва маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли равон ироа гаштаанд, инчунин дастуру супоришҳое, ки дар мулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилоят 24 феврали соли равон ва дар ҷараёни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, равона намудаанд».

Зикр шуд, ки саноатчиёни вилоят дар зарфи се моҳи  соли равон ба маблағи 2 миллиарду 164 миллиону 961,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2021 ба андозаи 393,6 миллиону 605,9 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Қурбон Ҳакимзода оид ба масъалаи рушди саноат дастур дод, ки раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкоронро зарур аст, ки ҳангоми бунёди корхонаҳои нав ба бозор ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

 

АКС: шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Апрель 13, 2022 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»