Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт нахуст, дар маҳаллаи Кӯҳсори деҳоти Понғоз хати оби полезиро мавриди истифода қарор дода, ба бунёди боғи интенсивии «Ибрат» оғоз бахшиданд.
Иншооти асосии хати оби полезӣ бо кофта шудани 4 чоҳи амудӣ аз чуқурии 25 метр омода карда шуда, барои обёрии 14 гектар замини ин мавзеъ пешбинӣ гардидааст
Оби полезӣ аз чоҳҳои амудӣ тавассути дастгоҳҳои обкашӣ (насосҳо) кашида шуда, ба ҳавзи бунёдгардида бо ғунҷоиши 600 метри мукааб оварда мешавад ва сипас аз тариқи қубурҳои обдиҳӣ заминҳои ин мавзеъ бо усули муосир, яъне қатрагӣ обёрӣ мегарданд.
Ташаббуси обёрии қитъаҳои ин мавзеи кӯҳдоман дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зайлобиддин Махсудҷонов рӯи даст гирифта шуда, ҳадаф аз он ба гардиш даровардани талу тепаҳои бекорхобида ва истифодаи самараноку мақсадноки заминҳои ин минтақа мебошад.
Кашида шудани хати оби полезӣ ҳамакнун барои ба гардиш даровардани қитъаҳои нав ва бунёди боғу токзорҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар талу тепаҳои ин мавзеъ мусоидат намуда, бо ин роҳ метавон аз шӯршавии заминҳо пешгирӣ намуд.
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо шинонидани ниҳоли гелос ба бунёди боғи нав дар масоҳати 14 гектар асос гузошта, аз Намоиши дастранҷи хоҷагидорони деҳоти Понғоз дидан намуданд.
Боғи мазкур бо усули замонавӣ, яъне интенсивӣ бунёд карда шуда, дар он 6 навъ гелоси содиротӣ, аз ҷумла “Александрия”, “Регина” ва “Дайбера” дар асоси маслиҳати мутахассисон аз рӯи меъёри 2 бар 4 метр шинонида шуда, дар ҳар як гектар 1250 бех ниҳол рост омадааст.
Дар маҷмӯъ дар асоси нақша дар боғи нав беш аз 15 ҳазор бех ниҳоли гелоси қадпаст, ки аз Федератсияи Русия дар асоси таҷриба ва маслиҳати мутахассисон бо кафолати тӯлонӣ дастрас гардидааст, шинонида шуд.
Ниҳолҳои гелос бо риояи пурраи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуда, ба иттилои масъулон дар соли сеюм пурра ба ҳосил медароянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ашт гелос мевае мебошад, ки боғдорон метавонанд аз он ҳамасола ҳосили дилхоҳ ба даст овард. Бо бунёди боғи нави гелос то 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо дарназардошти корҳои мавсимӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Дар намоиши кишоварзӣ аҳли заҳмати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт 15 навъи маҳсулот, аз ҷумла 8 навъ зардолуи хушки донакдору бедонаи содиротӣ, 3 намуд себу нок ва ғалладонагиҳоро, ки ҳамасола дар заминҳои дар ихтиёрдошта кишту парвариш мекунанд, муаррифӣ намуданд.
Дар деҳоти Понғози ноҳияи Ашт зиёда аз 1000 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.
Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашон иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Понғоз 3484 гектар боғ мавҷуд буда, соли равон наздики 20 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону хоҷагидорон бо инобати вазъи имӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла камбуди маводи ғизоӣ дар баъзе аз давлатҳои дунё барои истифодаи мақсадноку бомавриди заминҳои дар ихтиёрдошта, аз ҷумла қитъаҳои ёрирасону наздиҳавлигӣ, зиёд кардани майдони боғҳои меваҳои лазизу шаҳдбори ватанӣ ва бо ин роҳ афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти босифати худӣ ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Бахшида ба Рӯзи геология дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
«Захираҳои табиии Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи маъдан барои садсолаҳо кофӣ мебошанд», — бардошт аз форуми байналмилалӣ
Беш аз 80 фоизи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология амалӣ гардидааст. Эҳдо ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода: «То соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар иқтисоди миллии Тоҷикистон то ба 30 фоиз мерасад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






