Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ «Орди фатир»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли 30 намуд макаронро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” мавриди истифода қарор доданд.
Бояд гуфт, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” тасмим гирифт, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бахусус навъҳои гуногуни макарон оғоз намояд.
Барои ноил шудан ба ин мақсад аз тарафи муассисони ширкати ватанӣ барои сохтмони бинои истеҳсолӣ ва харидорӣ намудани таҷҳизоти истеҳсолӣ 2 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст.
Айни ҳол таҷҳизот барои истеҳсоли макарон бо иқтидори 1 тонна дар як баст дар бинои нави истеҳсолӣ васл карда шуда, истеҳсоли 30 намуди макарони хушсифат ба роҳ монда шуд.
Бо оғоз шудани фаъолияти коргоҳи макаронбарорӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори нав таъмин шуда, музди миёнаи меҳнати онҳо 1500 сомониро ташкил медиҳад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” аслан 11 августи соли 2011 ташкил шуда, фаъолияти асосии он коркарди гандум ва истеҳсоли орд мебошад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 240 тонна ва дар як сол 75 ҳазор тонна гандум мебошад. Дар ҷараёни истеҳсолот гандуми навъҳои беҳтарини Ҷумҳурии Қазоқистон истифода мешавад.
Дар фаъолияти худ ширкат аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати ордӣ таъмин намуда, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон — ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳисса гузошта истодааст.
Аз аввали фаъолияти худ корхона ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳамияти махсус дода, дар байни истеҳсолкунандагони орд бо сифати маҳсулоташ мавқеи хосро ишғол менамояд.
Роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ барои таъсиси коргоҳҳои нав, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ҳисса гузорад.









Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд






