Раиси вилояти Хатлон барои ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ 628 ҳазор сомонӣ ҷудо кард
ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ: «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат» имсол 628 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон, барои баргузории даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва қадрдонии иштирокчиёни фаъол 246 ҳазор сомонӣ, даври вилоятии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» 194 ҳазор сомонӣ ва озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 188 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои барандагони ҷойи якум 3000 сомонӣ, ду ҷойи дуюм 4000 сомонӣ (ба ҳар яке 2000 сомонӣ) ва ду ҷойи сеюм 2000 сомонӣ (ба ҳар яке 1000 сомонӣ) мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин ғолибони даври вилоятии озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ бо ҳамин миқдор мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Устодону волидайни иштирокчиёни озмунҳо бо ифтихорномаю мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ мегарданд.
Ба ҳамаи онҳое, ки дар даври ҷумҳуриявии ин озмунҳо ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд, чун соли гузашта аз ҷониби раиси вилояти Хатлон иловатан ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда мешаванд.
Соли 2021 барои даври вилоятии ин се озмуни ҷумҳуриявӣ 412 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.
АКС аз бойгонӣ








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт






