Рамазон Раҳимзода: Кормандони милитсияи Душанбе бояд бо донишу малакаи баланди касбӣ ва муоширату муомила фарқ кунанд

Апрель 8, 2022 09:21

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини сулҳу субот, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хавфнок аз ҳар корманди мақомоти милитсия зиракиву ҳушёрии беш аз пеш талаб менамояд. Махсусан дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, ки маркази маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, кормандони милитсия бояд бо донишу малакаи баланди касбӣ, одобу рафтор ва муоширату муомила  намуна бошанд. Чунин зикр намуд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни машварати фаврӣ-хизматӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Тавре дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар машварати фаврии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода, роҳбарияти дастгоҳи марказии Раёсат ва роҳбарони ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ вазъи содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан сар задани авбошӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таваққуфи нодуруст дар қатори дуюму сеюми роҳ ва ба ин тартиб ба таври сунъӣ ба миён овардани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар мушкилоти ҷойдоштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Мавсуф ҷиҳати сари вақт бартараф сохтани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Апрель 8, 2022 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад