«РОҲ БА СӮИ МАОРИФ». Ташаббуси нави ҲХДТ ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар мактабҳо равона гардидааст

Апрель 21, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳ ба сӯи маориф» — таҳти чунин унвон 20 апрел  миёни масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва маориф дар шаҳри Бохтар нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ муаррифӣ гардид. Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Мақсади амалиёти мазкур баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, ҳамчунин ҳавасманд гардонидани шахсони дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи меъёрҳои муосири таҳсилот мебошад.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён рӯнамоии амалиёт ва нақша-тақвими чорабиниҳоро пешкаши иштирокдорон гардонид. Дар ташаббуси аввал баргузории дарсҳои кушод зери унвони «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар назар аст.


Дар «Соати сиёсӣ», ки тибқи нақша дар як моҳ як маротиба доир мегардад, аслан мавзӯъҳои асосҳо ва дастовардҳои сиёсии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар як моҳи охир, экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеаи муосир ва таъсири онҳо ба ҷомеаи солим, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, амнияти иттилоотӣ, идеология, асосҳои идеологии кишвар, эҳтиром ба мақоми мактаб, илму маориф ва омӯзгор мавриди омӯзиш қарор мегиранд.             Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки ташкили вохӯриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман» ва ба ин васила ҷалби шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ ташаббуси дуюм маҳсуб мешавад ва ҳавасманд гардонидани шахсони дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ба дастандаркорони ташаббуси «Мактаби ман» изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки пешрафти ҷомеаи муосир ба хизмати омӯзгор вобастагӣ дорад. Ҳамчунин дар амалишавии ин ташаббус сарварони муассисаҳои таълимӣ бояд фаъол бошанд.

АКСҲО  аз КИ ХХДТ  дар вилояти Хатлон

Апрель 21, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд