Шӯрои навбатии раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар шаҳри Душанбе Шӯрои навбатии раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар он фаъолияти 17 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд, ки аз ин натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ дар 13 муассисаи таълимӣ, аттестатсияи давлатӣ дар 2 мактаб ва масъалаи иҷозатномадиҳӣ дар 2 муассисаи дигар муҳокима гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии мазкур.
Дар ҷамъомад директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва мудирони маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансури пойтахт иштирок карданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа ва роҳбарони муассисаҳои таълимии санҷидашуда аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ дастуру супоришҳои қатъӣ ва ҷиддӣ дода шуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино аз ҷониби роҳбарият ва аъзои шӯро тавсияҳо ва дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.
АКСҲО: Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҶТ








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






