Сифати хизматрасонии сайёҳӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон беҳтар мегардад

Апрель 4, 2022 14:23

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бобати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ, таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон бо истифода аз нархҳои дастрас, ташкили хатсайрҳои нав ва ба талаботи сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Гурӯҳи корӣ аз 31 март то 1 апрели соли 2022 аз гузаргоҳҳои сарҳадии «Патар», «Фотеҳобод», «Сарбанд», «Ҳаштяк», «Саразм», «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва истгоҳи «Роҳи оҳани Хуҷанд»- -и вилояти Суғд дидан карда, ба масъулин вобаста ба одоби муошират ва хизматрасонӣ ҳангоми вуруд ва хуруҷи сайёҳон, пешниҳоди иттилооти саҳеҳ вобаста ба буду бош дар кишвар дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Гурӯҳи кории байниидоравӣ фаъолияти худро дар муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, хизматрасонии дуруст ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ пеш мебарад.

Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии сайёҳӣ ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ сафарбар карда мешавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 4, 2022 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд