СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! Аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба Артиши миллӣ пайвастанд

Апрель 5, 2022 08:42

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷум аст, ки дар мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ — даъвати баҳории ҷавонони боғайрати тоҷик ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Ҳамарӯза ҷавонони зиёде ихтиёран хизмати содиқона ба Ватанро интихоб мекунанд.

Котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурафшон»-и Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Муҳаммад Сайдалиев аз ҷумлаи ҷавонони бонангу номуси кишвар мебошад, ки дар даъвати баҳорӣ барои адои қарзи фарзандии хеш – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намуд. Ӯ  сокини ноҳияи Данғара, хатмкардаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳия Кӯшониён ва омӯзгори ҷавони донишкадаи мазкур буда, соли 2020 ин донишкадаро хатм намудааст.

Муҳаммад Сайдалиев худро хушбахттарин ҷавон меҳисобад, ки  дар давлати ободу озод кору зиндагӣ дорад.  «Мо, ҷавонон чун  гузаштагони хеш бояд дар назди халқу Ватан қарзи инсониамонро дар ҳифзи марзу бум, хоки муқаддаси меҳан адо намоем. Бо ин мақсад пеши худ мақсад гузоштам, ки  дар даъвати баҳорӣ ҳамчун сарбози ихтиёрӣ сафарбар шавам, албатта ин хоҳиши худи ман аст.  Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомӣ тамоми шароит барои будубоши сарбозону афсарон  фароҳам оварда шудааст. Хизмати Ватан-Модар мактаби ҷасорату мардонагӣ буда, инсонро дар рӯҳияи ватандӯстию худогоҳии миллӣ тарбия менамояд», – мегӯяд М. Сайдалиев.

Ӯ ба ҷавонони синни даъватӣ тавсия медиҳад, ки ҳамчун ҷавонони асили ин Ватану миллат  хизмати Ватан-Модарро бо сари баланд адо кунанд ва дар оянда фарзандони содиқи ин сарзамини аҷдодӣ бошанд. Маҳз ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ метавонанд рисолати пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон ва ҳифзи хоки муқаддаси Ватанро сарбаландона адо намоянд.

Мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Насим Мирзоев низ аз ҷумлаи ихтиёриёнест, ки бо ариза ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат кардааст. Ӯ мегӯяд, шавқу ҳаваси ба хизмат рафтанаш замоне бештар шуд, ки  “Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ”-ро мутолиа кард. Тибқи дастурамали мазкур, барои  тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷасорату мардонагӣ механизмҳои муосири идеологӣ, муносиб ва дастрас муҳим мебошанд. Ӯ бо эҳсоси болидаруҳӣ гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба ҷавонон пайваста таъкид мекунанд, ёдовар шуд: «Шарафу обрӯи Ватан, пойдории сулҳу субот ва рушду ободии кишвари азизамон аз ҷавонон вобастагии калон дорад».

Аз ин рӯ, зарур аст, ки насли наврасу ҷавони мо дорои ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, илму ҳунарҳои муосир бошад.

«Ман ҳамчун сарбози ихтиёрӣ ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар содиқ мемонам ва ба хизмати Ватан-Модар рафта, қарзи шаҳрвандиамро адо мекунам ва омада, дар ниҳоди ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон фаъолиятамро идома мебахшам. Ман ҳамсолонамро низ даъват менамоям, ки  хизмати Ватанро сарбаландона адо намоянд», – иброз дошт Насим Мирзоев.

Нафари дигар волонтёри назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, хатмкардаи Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  Усмон Амирпур мебошад, ки меҳру садоқат нисбат ба Ватан ӯро водор кард, то дар ин мавсим ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намояд.

Мояи ифтихор аст, ки ҷавонони мо ҳисси баланди ватандорӣ дошта, хизмати ҳарбиро шарафи бузург  медонанд ва хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон беҳтар меҳисобанд. Паёмбари Худо (с) ватандӯстиро яке аз нишонаҳои имондорӣ номида, гуфтаанд: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст».

Ёдовар мешавем, ки тарбияи ҷавонон бобати садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳимтарини ҳам сохтору мақомот ва ҳам  аҳли ҷомеа мебошад.

  АКС: ҲХДТ дар вилояти Хатлон  

Апрель 5, 2022 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба усулҳои нави ҷамъоварии маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷаласа доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид
Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон қариб 96 фоиз иҷро гардид