«Tajikistan Fashion Week» тарроҳони шинохтаро дар Душанбе ҷамъ меорад
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки нимаи аввали моҳи майи соли равон зимни мизбонии Душанбе аз фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон «Tajikistan Fashion Week» тарроҳони шинохтаи ватанӣ ва хориҷӣ коллексияҳои худро пешкаши дӯстдорони олами мӯд намоянд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Малика Ёрбобоева изҳор дошт, фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон «Tajikistan Fashion Week» бо ибтикори ташкилоти эҷодии «Tajikistan Fashion Week» ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат баён намуда буданд ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 гузаронида мешавад.
Мавсуф афзуд, ки ҳадафи баргузории Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон «Tajikistan Fashion Week» рушди соҳаи мӯд ва маҳсулоти тарроҳони ватанӣ, ташвиқу тарғиби матоъ, маҳсулоти пахтагин ва муаррифии ҳарчи бештари имконоти ресандагию бофандагии Тоҷикистон мебошад.
Афзалияти бештаре, ки имсол дар фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон «Tajikistan Fashion Week» дида мешавад, ин ба маърази тамошо гузоштани коллексияҳои тарроҳон, ки аз матоъҳои анъанавии пахтагин ва абрешимӣ омода кардаанд, мебошад.
Инчунин доир намудани фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон ба омода намудан ва сайқал бахшидани кори тарроҳони ҷавони ватанӣ мусоидат менамояд, мегӯяд Малика Ёрбобоева.
Фасли ҳаштуми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон ба пахтаи тоҷик ва матоъҳои аз пахта истеҳсолшаванда бахшида мешавад.
АКС: аз манбаъҳои боз








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






