Тоҷикистон ва Беларус дар ҳудуди МОИ «Суғд» корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳоро таъсис медиҳанд

Апрель 21, 2022 10:16

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко масъалаи таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни вохӯрӣ густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

З. Завқизода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк ва тақвият додани ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ баррасӣ гардиданд.

Дар хатми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари ҳамкории дуҷониба бо истифода аз имконотии зиёди мавҷуда баён доштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Апрель 21, 2022 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад