Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи нострификатсияи дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи васеи масоили рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Узбекистон Абдуқодир Тошқулов дар Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.
Мусоҳибон масъалаҳои нострификатсияи дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар факултети забони узбекии Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳою филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Узбекистон ва баръакс филиалҳою факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Узбекистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи баргузор кардани Шӯрои ректорон ва вохӯрии донишҷӯёни ҳарду кишварро дар як вақт ба хотири омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар муфид шумориданд.
АКСҲО: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон









Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






