Тоҷикистон ва Япония баргузории ҳамоишҳои соҳибкорон ва амалисозии лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ карданд

Апрель 21, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар Токио вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Директори иҷроияи Ассотсиатсияи тиҷорат бо Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) Казухико Акашӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба сатҳи кунунии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин ташкил ва баргузории ҳамоишҳои соҳибкорон, семинарҳо ҷиҳати амалисозии баъдии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Ассотсиатсияи Япония оид ба тиҷорат бо Русия ва кишварҳои нави соҳибмустақил NIS 16 январи соли 2008 таъсис ёфтааст. ROTOBO як ташкилоти нодири савдои Япония аст, ки ба рушди тиҷорат машғул буда, дорои тақрибан 200 ширкати узв, аз ҷумла ширкатҳои тиҷоратӣ, бонкҳо ва истеҳсолкунандагон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 15 апрел ҷаласаи 8-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Япония, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, мубориза бо ҳамагирии COVID-19, таҳкими ҳамкорӣ  барои назорати сарҳад, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон барои рушд ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, энергетика, саноат, тандурустӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва технологияҳои муосир ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор бо Япония ҳамкории хуб ба роҳ мондааст.

Дар фарҷоми нишасти мазкур ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории судманд дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» изҳор намуданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 21, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лондон машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир баргузор шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Женева дар доираи иҷлосияи 61-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ чорабинии канории Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони Гурҷистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҳамватанон, донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Бошқирдистони Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимӣ баргузор гардид
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Канда ба Тоҷикистон меояд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бошқирдистони Федератсияи Русия мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ баррасӣ гардид
Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эътимоднома супорид