Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ иштирок намуд

Апрель 15, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба фарҳанг, иттилоот, саӣёҳӣ ва варзиш, ки  дар реҷаи фосилавӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Аъзои комиссия лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дастгирии давлатии кинематография» ва «Дар бораи фаъолияти театр»-ро баррасӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин  ахборро дар бораи лоиҳаи таҳрири нави Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ, ки ба мувофиқ кардани қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои аъзои АБ ИДМ нигаронида шудааст, шуниданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва дар таҳияи рушди муносиботи амалӣ оид ба ташкил ва коркарди тадбирҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ саҳми арзанда мегузорад.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи  Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

АКС: МН МО ҶТ

Апрель 15, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ДУШАНБЕ — НИГИНИ КИШВАРИ ОФТОБИИ ТОҶИКОН. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бахшида мешавад
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид