ВКХ ҶТ ба ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ омодагӣ мебинад

Апрель 19, 2022 12:37

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои  хориҷии Тоҷикистон ба ҷаласаи Шӯрои вазирони  корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки 13 май дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст,  омодагӣ мебинад.

Тавре дар ВКХ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  намояндагони  воситаҳои ахбори   оммаи ватанӣ ва хориҷӣ, ки хоҳишманди иштирок дар ин чорабинӣ  ҷиҳати пӯшиши иттилоотии он ҳастанд, бояд то санаи 5 май худро номнавис (аккредитатсия) кунанд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, интизор меравад, ки  вазирони кишварҳои ИДМ дар ин нишаст мавзуъҳои байналмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ кунанд.

Қаблан гуфтугӯи телефонии вазирони  корҳои  хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва  Қирғизистон  Руслан Казакбоев   баргузор гардида буд. Вазирон   дар чаҳорчӯби суҳбат, аз ҷумла,  ба мавзӯи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони  корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ низ дахл карданд.

Ҷаласаи мазкур маъмулан дар як сол ду бор баргузор мегардад. Ҷаласаи тирамоҳии Шӯро тибқи нақша   13 октябр дар Нурсултон – пойтахти  Қазоқистон баргузор хоҳад шуд.

                                              АКС:АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2022 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд