«ВОРУХ — ДЕВОРИ ВАТАН». Дар Амстердам таҳти ин унвон китоби нав муаррифӣ гардид

Апрель 7, 2022 16:26

ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар шаҳри Амстердам дар доираи ҷамъомади ҷамъияти тоҷикони Нидерланд «Сомониён» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз маросими муаррифии китоби Шаҳзодаи Самарқандӣ «Ворух — девори Ватан» баргузор гардид.

Муаллифи китоб нависанда ва шоираи тоҷик, рӯзноманигор ва муҳаққиқ Шаҳзодаи Самарқандӣ мебошад.

Ӯ дар ин китоб мақолаву ашъор дар бораи Ворух, инчунин ёддоштҳои сафар ва тадқиқоти таърихиро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гирдоварӣ кардааст.

Дар маросими муаррифии китоби «Ворух – девори Ватан» Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода иштирок ва суханронӣ намуд.


Эркинхон Раҳматуллозода тазаккур дод, ки масъалаи Ворух барояш хеле дарднок аст, зеро худи ӯ аз ин гӯшаи Тоҷикистон мебошад.

Сафири Тоҷикистон аз номи Сафорат ба Шаҳзодаи Самарқандӣ барои таълифи ин китоб сипоснома супорид. «Ба нишони қардонӣ аз заҳматҳои бедареғи Шаҳзодаи Самарқандӣ – нависанда, рӯзноманигор ва муҳаққиқи шинохта дар роҳи дифоъ аз манофеъи кулли порсигӯён, тақвияти ҳамбастагӣ ва ваҳдати онон, интишору таблиғи беҳтарин намунаҳои фарҳангу тамаддуни волои мо сарфароз гардонида мешавад», — омадааст дар сипосномаи Сафорати Тоҷикистон.


Ёдовар мешавем, ки Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шоҳзода Назарова), ки дар Самарқанд зода шуда, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст, ҳоло дар Нидерланд кору зиндагӣ дорад. Ӯ қаблан романҳои «Бозгашт ба Бухоро» («Возвращение в Бухару», «Back to Bukhara», ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ нашр шудааст) ва «Регистон»-ро таълиф карда буд. Муаррифии «Регистон» соли 2016 дар Гаага баргузор шуда буд. Ин ду роман аз рӯзгори тоҷикони Самарқанду Бухороро дар гузаштаҳо, минҷумла дар замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қисса мекунанд.

Шаҳзодаи Самарқандӣ шеър низ менависад. Дӯстдорони  назм бо китобҳои ӯ «Дар сояи сафар» (2005) ва «Сабри Санг» (1994) хуб ошноянд.

Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО аз бойгонии шахсии Шаҳзодаи Самарқандӣ

Апрель 7, 2022 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
АЙНИШИНОСЕ ПУРТАЛОШ АЗ КИШВАРИ ҲАМЗАБОН. Эҳдо ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
«ДИДОР». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиши мусаввараҳои нодир ифтитоҳ ёфт
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир мегарданд
Дар Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ. Он таърих ва фарҳанги бостонии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид