35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шаҳринав 3 коргоҳи дузандагӣ ба фаъолият оғоз кард

Май 1, 2022 12:02

ДУШАНБЕ, 01.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода 3 корхонаи дузандагӣ, ки бо ташаббуси соҳибкорон бунёд шудаанд, ба фаъолият оғоз намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.

Иқдоми мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурра ба роҳ мондани дӯхти либоси мактабии босифат дар дохили ноҳия ва таъмини талаботи сокинон ба он, инчунин бо ин роҳ зиёд намудани ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандон роҳандозӣ шуд.

Зимни шиносоии Ҷаббор Носирзода бо фаъолияти коргоҳҳо иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳҳо дорои беш аз 30 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ буда, аз ҷониби чеварон ҳамарӯза 40 либос барои мактаббачагон ва омӯзгорон тайёр карда мешавад.

Корхонаҳо имсол барои таъмини сарулибоси ягонаи мактабӣ бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия шартнома баста, беш аз 26 ҳазор хонанда бо либоси мактабӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин зиёда аз 40 нафар шаҳрвандони ноҳия ба ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Май 1, 2022 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд