Ҳайати вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ бо шарикони рушд ба Туркия сафар кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Ҳадаф аз сафари ҳайат ба Туркия ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Анталия, Қайсарӣ ва Истанбул буда, зимни он намояндагони вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид мекунанд ва бо фаъолияти бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд.
Дар назар аст, ки дар доираи сафари мазкур вохӯриҳо бо роҳбарияти минтақаҳои зикршуда, инчунин дар шаҳрҳои Анталия ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳри Қайсарӣ бизнес — форуми байниминтақавӣ ва мулоқот бо соҳибкорон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд баргузор шаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






