БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ ба сохтмони чойхонаи миллӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузошта шуд

Май 2, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди чойхонаи миллӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузошта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Чойхонаи миллӣ, маркази савдо ва хизматрасонӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он ташикили чойхона, мағоза, сартарошхона, толори ороишӣ барои занон дар назар дошта шудааст.

Тавре ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, иншооти мазкур тибқи нақша то охири сол ба истифода дода шуда, даҳҳо нафар сокинон соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Раиси вилоят бунёди чунин иншоотро дар деҳот муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, тавсия дод, ки барои ташкили коргоҳи дӯзандагӣ ва ҷалби бонувону духтарон ба кор тадбир андешида шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Май 2, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад