БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Роштқалъа бунгоҳи тиббӣ ва корхонаи коркарди мӯинаи бузи кашмирӣ ба истифода дода мешаванд
ХОРУҒ 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бунгоҳи тиббии деҳаи Миденвед дидан намуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Зикр шуд, ки дар ин русто 58 хоҷагӣ зиндагӣ дошта, ба чунин муассисаи тиббӣ ниёз доранд. Корҳои сохтмонӣ дар бунгоҳи тиббӣ аз моҳи августи соли 2021 оғоз гардида, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шариф ШС» бо ҷалби 10 нафар коргарони маҳаллӣ талош дорад, ки биноро дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор диҳад. Бунгоҳи мазкур дорои 5 ҳуҷраи корӣ буда, дар назар аст, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шавад.
Бахшида ба Солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон (2022-2026) аз ҷониби Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар ноҳияи Роштқалъа бо харҷи 6 миллион сомонӣ сохтмони корхонаи коркарди мӯинаи бузи кашмирӣ ва васлу насби таҷҳизот идома дорад. Бинокорон бунёди биноро ба анҷом расонида, мутахассисон ба васлу насби таҷҳизот шурӯъ намудаанд.
Зимни боздид Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз ҷараёни васлу насб ва хатҳои коркарди технологияи мӯинаи бузҳои ангорӣ ё кашмирӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия талаб кард, ки ба коргоҳ мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ҷалб намоянд. Зеро маҳсулоти ин корхона асосан барои содирот ба берун аз кишвар пешбинӣ шудааст.
Қаблан мӯинаи бузи кашмириро барои коркард ба кишвари ҳамсояи Афғонистон интиқол дода, танҳо пас аз ин онро ба муштариёни хориҷии худ пешниҳод менамуданд. Ҳоло коргарон имконият пайдо кардаанд, ки дар бозори дохилию хориҷӣ маҳсулоти тайёрро ба фурӯш гузоранд. Дар оғози фаъолият коргоҳи мазкур 15 нафар сокинони маҳаллиро, ки қаблан ба омӯзиш фаро гирифта шуда буданд, ба кор ҷалб карда, батадриҷ теъдоди коргарон зиёд хоҳад шуд.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, корхона дар як сол то 18 тонна мӯинаи бузи ангорӣ ё кашмириро коркард намуда, аз он риштаи аълосифати аз лиҳози экологӣ тоза тавлид менамояд. Бояд зикр намуд, ки чанд сол пеш барои коркарди риштаи мӯинаи ангорӣ ба ин водӣ таҷҳизоти хурди коркарди мӯина аз хориҷи кишвар интиқол дода шуд, ки талаботи корхонаро қонеъ намекунонид. Зеро бо афзоиши шумораи хоҷагиҳои махсуси парвариши бузҳои ангорӣ дар ноҳия маҳсулоти хом низ афзуда, зарурати бунёди корхонаи иқтидораш баландтарро ба миён овард.
Ҳоло корхона ба хариди ду намуди мӯина бо нархҳои 80 ва 140 сомонӣ барои ҳар килограмм аз хоҷагиҳои шахсию фермаҳои чорводорӣ машғул аст. Мутахассисони соҳаи чорводорӣ мегӯянд, ки бунёд гардидани чунин иншооти саноатӣ дар ояндаи наздик на танҳо садҳо нафар сокинони маҳаллиро бо ҷои нави кор ва маоши арзанда таъмин мекунад, балки аз ҳисоби он парвариши бузҳои кашмирӣ дар ноҳияҳои дигари вилоят низ ба таври бесобиқа рушд хоҳад кард.
Дар айни замон 20 дастгоҳи ресандагӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб шуда, рӯзҳои наздик 8 дастгоҳи дигари истеҳсолӣ аз давлатҳои пешрафтаи аврупоӣ ба ин корхона интиқол меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд






