БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Роштқалъа бунгоҳи тиббӣ ва корхонаи коркарди мӯинаи бузи кашмирӣ ба истифода дода мешаванд

Май 11, 2022 11:20

ХОРУҒ 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ  дар бунгоҳи тиббии деҳаи Миденвед дидан  намуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Зикр шуд, ки дар ин русто 58 хоҷагӣ зиндагӣ дошта,  ба чунин муассисаи тиббӣ ниёз доранд. Корҳои сохтмонӣ дар бунгоҳи тиббӣ аз моҳи августи соли 2021 оғоз гардида,  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шариф ШС» бо ҷалби 10 нафар коргарони маҳаллӣ талош дорад, ки биноро дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор диҳад. Бунгоҳи мазкур дорои 5 ҳуҷраи корӣ буда, дар назар аст, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шавад.

Бахшида ба Солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон (2022-2026) аз ҷониби Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар ноҳияи Роштқалъа бо харҷи 6 миллион сомонӣ сохтмони корхонаи коркарди мӯинаи бузи кашмирӣ ва васлу насби таҷҳизот идома дорад.  Бинокорон бунёди биноро ба анҷом расонида, мутахассисон ба васлу насби таҷҳизот шурӯъ намудаанд.

Зимни боздид Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз ҷараёни васлу насб ва  хатҳои коркарди технологияи мӯинаи бузҳои ангорӣ ё кашмирӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия талаб кард, ки ба коргоҳ мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ҷалб намоянд. Зеро маҳсулоти ин корхона асосан барои содирот ба берун аз кишвар пешбинӣ шудааст.

Қаблан мӯинаи бузи кашмириро барои коркард ба кишвари ҳамсояи Афғонистон интиқол дода, танҳо пас аз ин онро ба муштариёни хориҷии худ пешниҳод менамуданд. Ҳоло коргарон имконият пайдо кардаанд, ки  дар бозори дохилию хориҷӣ маҳсулоти тайёрро ба фурӯш гузоранд. Дар оғози фаъолият коргоҳи мазкур 15 нафар сокинони маҳаллиро, ки қаблан ба омӯзиш фаро гирифта шуда буданд, ба кор ҷалб карда, батадриҷ  теъдоди коргарон зиёд хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, корхона дар як сол то 18 тонна мӯинаи бузи ангорӣ ё кашмириро коркард намуда, аз он риштаи аълосифати аз лиҳози экологӣ тоза тавлид менамояд. Бояд зикр намуд, ки чанд сол пеш барои коркарди риштаи мӯинаи ангорӣ ба ин водӣ таҷҳизоти хурди коркарди мӯина аз   хориҷи кишвар интиқол дода шуд, ки талаботи корхонаро қонеъ намекунонид. Зеро бо афзоиши шумораи хоҷагиҳои махсуси парвариши бузҳои ангорӣ дар ноҳия маҳсулоти хом низ афзуда, зарурати бунёди корхонаи иқтидораш баландтарро ба миён овард.

Ҳоло корхона ба хариди ду намуди мӯина бо нархҳои 80 ва 140 сомонӣ барои ҳар килограмм аз хоҷагиҳои шахсию фермаҳои чорводорӣ машғул аст. Мутахассисони соҳаи чорводорӣ мегӯянд, ки  бунёд гардидани чунин иншооти саноатӣ дар ояндаи наздик на танҳо садҳо  нафар сокинони маҳаллиро бо ҷои нави кор ва маоши арзанда таъмин мекунад, балки аз ҳисоби он парвариши бузҳои кашмирӣ дар ноҳияҳои дигари вилоят низ ба таври бесобиқа рушд хоҳад кард.

Дар айни замон 20 дастгоҳи ресандагӣ  аз Ҷумҳурии Мардумии Чин  ворид ва васлу насб шуда, рӯзҳои наздик 8 дастгоҳи дигари истеҳсолӣ аз давлатҳои пешрафтаи аврупоӣ ба ин корхона интиқол меёбад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд