БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Май 19, 2022 09:26

ДУШАНБЕ, 19.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва 30-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки нияти ба ин донишкада дохил шудан доранд,  ҳамоиши тантанавии иттилоотӣ-ташвиқотӣ ва фарҳангӣ барпо гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.

Дар ҳамоиш ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ҷамшед Ғанизода аз саҳми муҳими ҷавонон дар рушди санъати тасвирии ҷумҳурӣ ёдовар шуда, аҳли толорро бо санаи муҳими таърихӣ — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбизода зикр намуд, ки «Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи сиёсати ҷавонон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Тоҷикистон миёни мамлакатҳои муштаракулманофеъ аввалин шуда, дар бораи сиёсати ҷавонон қонун қабул намуд. Дар 30 соли истиқлол дар ҷумҳурӣ барои ҷавонон якчанд имтиёзҳо муқаррар карда шуданд. Зиёда аз 40 ҳазор ҷавони тоҷик  дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Сафи гирандагони идрорпулии президентӣ сол ба сол афзоиш меёбад. Албатта, ҳамаи проблемаи ҷавононро дар муддати кӯтоҳ ҳал кардан мушкил аст. Бо вуҷуди ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои ҳалли проблема ва беҳтар кардани шароити кору таҳсили ҷавонон кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад. Ҷавонон бояд дар раванди ҷаҳонишавии муносибат ва урфу одатҳо зиракии сиёсиро аз даст надода, ба дасисабозии душманони миллат дода нашаванд».

Ҳоло Кумита дар дохили ҷумҳурӣ вохӯрии ҷавонони як вилоят бо вилояти дигарро ташкил менамояд. Аллакай дар доираи ин чорабинӣ беш аз 2 ҳазор ҷавонон аз Суғд дидан карда, бо ҷавонони ин вилоят ва тарзи зисти онҳо шинос шуда, миёни ҳамдигар дӯстӣ барқарор намуданд.

Дар хатми ҳамоиш ба чанд нафар кормандони масъули донишкада сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба як гурӯҳ донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ифтихорномаҳо, мукофоти пулии раёсат ва иттифоқи касабаи донишкада супорида шуданд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Май 19, 2022 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид