БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Доир ба масъалаҳои ҳифзи истиқлол ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид

Май 29, 2022 10:43

ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҳифзи истиқлол ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон» китоби номзади илмҳои фалсафа Мирзошоҳрух Асрорӣ ба нашр расид. Дар ин бора котиби матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Машраби Абдуллоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои мавсуф, ба ин китоби таҳқиқӣ академики АМИТ Кароматулло Олимов сарсухан навишта, зимни баёни андеша иқрор мекунад, ки «муҳимтарин афкори ваҳдати миллӣ худогоҳиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ба ибораи дигар, эҳёи тоҷик бо дарназардошти ҳувияти миллие, ки дар гузашта дошту онро имрӯз то андозае розҷӯии исломӣ иваз намудааст, бояд аз тариқи татбиқ ва тамрини афкори ваҳдати миллӣ сурат пазирад ва маҳз ҳамин истилоҳ наҷотбахши миллату давлат дар шароити ҷаҳонисозии муосир маҳсуб мешавад».

Мундариҷаи интишороти мазкур се бобро фаро гирифта, боби аввал нақши Пешвои миллатро дар ташаккули раванди бунёди давлати муосир мавриди баррасӣ қарор додааст. Нигорандаи рисола суханро аз Иҷлосияи шонздаҳум оғоз карда, ҷиҳати таҳия ва такмили артиши миллӣ таваққуф мекунад ва ин ҳарфҳоро менависад: «Дар ҷаҳони пуртазоду пурмуноқишаи имрӯз кишваре, ки артиши таълимдидаю муҷаҳҳаз надорад, худро ҳеҷ гоҳ эмин ва осудаву ором ҳис карда наметавонад».

Бинобар ин, муаллиф ҳақ аст вақте мегӯяд, ки «омили асосии аз рушду тараққӣ маҳрум мондани кишвар ҷанги таҳмилӣ буд, чунки хисороти он 7 миллиард долларро ташкил дод ва моро солҳо зарур омад, ки зиёни ҷангро барқарор созем. Махсусан, дар чунин авзои дохили кишвар ва раванди ҷаҳонисозии геосиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати сулҳоварӣ анҷом дода, тоҷиконро аз нестии қудрат эмин нигаҳ доштанду минбаъд дар такомули низоми сиёсии муосир нақши ногуфтание бозиданд. Воқеан, агар ҳақиқатро гӯем, ҷанги таҳмилӣ бар сари тоҷик зӯргӯиву зӯровариҳои мухталифро боровар шуд ва осудагӣ, ки имкони ба фаъолият пардохтани инсон дар дилхоҳ ҷомеа мебошад, аз майдони иқомату фаъолияти мо рахт барбаст ва майдонро афроде гирифтанд, ки дар даст силоҳ доштанд ва силоҳ онҳоро нобинову зӯру террорист сохта буд. Аз ҳамин хотир, дар он овон Пешвои миллат буданд, ки бо ормонҳои миллӣ баромад намуда, иқдом карданд, ки ҳамаи гурезагонро аз марзҳои кишварҳо бозоварӣ хоҳанд намуд ва тадриҷан муҳити мову шумо аз афроди силоҳбадаст пок гардид. Имрӯз бояд ҳамон ҷоннисориҳоро эҳтиром кард ва агар мо худро иззату икром намоем, дар ҳеҷ сурат чунин иқдомҳои беназири Пешвои миллатамонро фаромӯш намесозем, чунки бо ибтикори он кас ҳамаи самтҳои фаъолият дар мамлакат эҳё ёфта, рушд намуданд».

Боби сеюми китоб дар баробари сохтмонҳои аср боз аз неруҳое ҳарф мезанад, ки бо амалҳои террористӣ аллакай дар ҷаҳон машҳур шудаанд. Махсусан, наҳзатҳои дар кишвар мамнуъ дар ин боб баррасӣ шуда, ҳадафҳои зиддимиллиашон аз ҷониби мусаннифи китоб ошкор шудаанд.

Бинобар ин, китоби мазкур ба ҳамагон ҷиҳати мутолеа тавсия мешавад.

Акс: АМИТ

Май 29, 2022 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон