ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанбонуи тоҷик Шоира Зулқайнарова аз идомаи мусобиқа бенасиб монд

Май 17, 2022 08:48

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муштзанбонуи тоҷик Шоира Зулқайнарова дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз муштзанбонуи Ҳиндустон — Парвин шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шоира дар даври аввал бар намояндаи Ковейт Ҷ. Нура пирӯз гардида буд. Дар даври ҳаштякфинали Чемпионати ҷаҳон дар вазни 63кг бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳаидун Ҷионг пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт буд.

15 май варзишгари дигарамон Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50кг дар муҳорибаи дуюмаш (дар даври аввал бар варзишгари Боливия Айда Санталла ғалаба карда буд) аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа шикаст хӯрд.

Қаблан ду варзишгарамон — Сумайя Қосимова дар вазни 48кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғория), Миҷгона Самадова (57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9 май шурӯъ гардида, то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Май 17, 2022 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад