Дабири кулли СҲШ нақши мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистонро дар назорати маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин зимни мулоқот бо Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода нақши Агентӣ ва саҳми мақомоти салоҳиятдори кишварро дар самти назорати маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.
Дар мулоқот Ҳабибулло Воҳидзода оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба Чжан Мин маълумот пешниҳод кард.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷараёни татбиқи стратегияву барномаҳои зиддимухаддиротии қабулшуда изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Директори Агентӣ бори дигар таваҷҷуҳи Дабири кулро ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ ҷалб намуда, зарурати таъсиси онро таъкид кард.
Чжан Мин нақши Агентӣ ва саҳми мақомоти зиддимухаддиротии Тоҷикистонро дар самти назорати маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, доир ба масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ андешаҳояшро иброз дошт.
Дабири кулли СҲШ аз фаъолияти сагҳои хизматии Агентӣ ва намоиши машқҳои ҳарбӣ-тактикӣ дидан карда, дар сӯзонидан ва нобуд кардани маводи нашъаовар иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки Дабири кулли СҲШ дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ мулоқот анҷом дода, аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






