Дар ҷаласаи роҳбарони ҳифзи муҳити зисти СҲШ ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба ҳимояи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи об муаррифӣ шуданд

Май 30, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон кард, ки дар пасманзари таъсири рӯзафзуни тағйирёбии иқлим, таназзули муҳити зист, рушди демографӣ, буҳронҳои ғизоӣ ва энергетикӣ мо бояд баҳри ҳифз ва истифодаи оқилонаи об ва дигар захираҳои табиӣ кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи сеюми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ оид ба масъалаҳои экологӣ дар шаҳри Тошканд зимни суханронӣ иброз намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Баҳодур Шерализода гуфт, ки «рушди ҳамкорӣ, шарикӣ ва дипломатияи об метавонад ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои равандҳои манфии экологӣ, ки ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунанд, кумак намояд».

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин иброз дошт, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзу нигоҳдории сарватҳои табитро барои наслҳои оянда ва афзун намудани онҳоро, ки ба беҳбуди зиндагии мардум, бахусус наслҳои оянда равона гардидаанд, зери таваҷҷуҳи доимии хеш қарор додааст. Бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баромад намуда, пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, санаи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таъйин карда шавад».

Пешниҳод шуд, ки хуб мебуд кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз ин иқдоми Тоҷикистон пуштибонӣ намоянд, зеро ин механизми маблағгузории тарҳҳои ҳифзи пиряхҳоро тавассути ироаи кумакҳои бебозгашти муносиб ба афроди воқеӣ ва ҳуқуқӣ эҷод мекунад. Муттаҳидкунии маблағҳои аз донорҳои гуногун бадастомада ба Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои дорои аҳамияти калон барои минтақа маблағгузорӣ шуда, ба ин васила ба вазъи муҳити зист ва дар маҷмӯъ, соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсири мусбат расонида шавад.

Аз ҷониби раиси Кумита аҳамияти талошҳои муштараки кишварҳои узви СҲШ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2022-2024 таъкид гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои СҲШ 27 майи соли равон дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати ҷониби Узбекистон баргузор гардид.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 30, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»