Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон Форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон таҳти унвони «Президент, ҷавонон ва илми муосир» Форуми ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Форуми мазкур хабар дод, дар кори он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, муовини Вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода, раиси Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, собиқадори соҳаи кор бо ҷавонон Маликшо Неъматзода, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон, ҷоизадорони Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, магистрантону донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Матлубахон Сатториён тазаккур дод, ки «ҷавонон дар ҳама давру замон барои тамоми низомҳои сиёсии давлатдорӣ неруи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва ин таваҷҷуҳ бесобиқа аст. Аз ин рӯ ҷавонон дар ҳар фаъолияте набошанд, бояд баҳри халқу диёри худ аз сидқ хизмат намоянду дар ободии Ватан, ки такягоҳи аслии онҳост, ҳамаҷониба талош варзанд».
Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки «ҷавонони Тоҷикистон неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Имрӯзҳо ҷавонони ватандӯсту қавиирода ва далеру шуҷои мо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа аҳлона заҳмат кашида, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд».
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ, 10445 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 129 варзишгоҳ, 7326 майдончаи варзишӣ, 1878 толори варзишӣ, 100 ҳавзи шиноварӣ, 40 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ ва 804 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






