Дар Душанбе хатсайри нави автобуси 27 фаъол мегардад

Май 19, 2022 08:56

ДУШАНБЕ, 19.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 23 майи соли 2022 хатсайри нави автобусии №27 (Муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи тиббӣ — Терминали Ҷанубӣ) ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А.Қаҳҳоров, А.Ҷомӣ, Н.Қарабоев, А.Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе — Бохтар то Терминали ҷанубӣ ҳаракат менамоянд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «KING LONG» истифода баранд.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Май 19, 2022 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд