Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардиданд

Май 9, 2022 09:17

ДУШАНБЕ, 09.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 6 май дар Душанбе баргузор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайатҳои тарафҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг роҳбарӣ карданд.

Дар рафти муколама ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон табодули назар карданд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқотҳои сатҳи олӣ ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Олмон замина гузоштанд. Солҳои 2003 ва 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон боздид намуданд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат кард.

Зимни сафарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти вақти ҶФО Кристиан Вулф ва Канслери вақти ҶФО Ангела Меркел мулоқот анҷом доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон мунтазам машваратҳои сиёсӣ ва гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявию техникӣ, ки ба сифати механизми тақвият ва рушди муносибатҳо мусоидат мекунанд, баргузор менамоянд.

Айни ҳол робитаҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар бомаром инкишоф меёбанд.

То ба имрӯз миёни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз ин теъдод 30 санад созишномаҳои байниҳукуматӣ, 9 созишномаи байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак мебошанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мебошад.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 9, 2022 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд