Дар Душанбе мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Русия ва Озарбойҷон баргузор мегардад

Май 12, 2022 16:53

ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар  ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян, Русия Сергей Лавров ва Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Русия ва Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки пагоҳ, 13 май дар «Кохи Сомон» баргузор мешавад, дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе қарор доранд.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ҳамчунин иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар назар аст.

АКС аз АИБ «Новости-Армения»

Май 12, 2022 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд