Дар Москва нишасти сарони кишварҳои узви СААД баргузор мешавад

Май 2, 2022 14:32

ДУШАНБЕ, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва баргузории нишасти солгарди СААД дар назар аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истипнод ба ТАСС менависад, дар ин бора котиби матбуотии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин нишаст моҳи май баргузор мешавад — омодагӣ ба он дар пойтахти Русия аллакай оғоз шудааст.

«Дар бораи санаи аниқ ба шумо дар вақташ хабар медиҳем», — посух дод намояндаи Кремл ба суоли дахлдор.

«Ҳарчанд ин як нишасти ҷашнӣ хоҳад буд (имсол 30-солагии имзои Созишномаи Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси худи СААД таҷлил карда мешавад. – Тавз. АМИТ «Ховар»), албатта, баҳсу табодули афкор низ сурат хоҳад гирифт. Бо итминони зиёд метавон гуфт, ки мушкили Украина низ зоҳир хоҳад шуд», — гуфт Песков.

Ба гуфтаи вай, ҳоло гуфтан барвақт аст, ки сарони ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда меоянд ё на.

Ҳамчунин маълум аст, ки кишварҳои СААД имсол чанд тамрини муштарак баргузор мекунанд.  Аз ҷумла, дар Тоҷикистон як тамрини муштарак бо воҳидҳои Неруҳои зудамали дастҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ «Сарҳад – 2022» дар назар аст.

Дар Қирғизистон тамрини фармондеҳию ситодӣ бо неруҳои посдори сулҳи СААД таҳти унвони «Бародарии абадӣ — 2022» баргузор мешавад.

Қазоқистон ба нақша гирифтааст, ки бо неруҳои дастҷамъии вокуниши сареъи СААД «Амалиёт — 2022», машқҳо бо қувваҳо ва воситаҳои иктишофии «Поиск — 2022», машқҳо бо қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддию техникӣ СААД «Эшелон — 2022»-ро доир кунад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Май 2, 2022 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд