Дар Нижний Новгород конференсияи «Русия — Осиёи Марказӣ: ҳамкорӣ ва рушд дар шароити бесуботӣ» баргузор мешавад

Май 18, 2022 14:41

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Конференсияи дуюми клуби байналмилалии мубоҳисавии «Валдай» дар Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Русия — Осиёи Марказӣ: ҳамкорӣ ва рушд дар шароити бесуботӣ» 17-18 май дар Нижний Новгород (Русия) баргузор шуда истодааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров, ки дар он иштирок мекунад, хабар дод.

Дар конференсия намояндагони Шӯро оид ба Бунёди рушд ва дастгирии Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай», Вазорати корҳои хориҷии Русия, Институти тадқиқоти молиявии «Чонгян»-и Донишгоҳи Ҷенмини Чин ва Маркази иттилоотиву таҳлилии муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон ширкат доранд.

Рустам Ҳайдаров зимни суханронӣ бо ишора ба вазъи кунунии геополитикии Авруосиё мавҷудияти робитаҳои қавии илмию техникӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар фазои Авруосиёро таъкид кард.

«Ҳузури устувори робитаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, самти тиҷорати калону миёнаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба фазои иқтисодии Русия вуҷуд дорад. Бо итминон метавон гуфт, ки байни вазоратҳои мудофиа алоқа ва ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ба роҳ монда шуда, дастрасии аҳолии қобили меҳнат ба бозори меҳнати Русия, ҷавонон, тавассути квота ба системаи маорифи Русия роҳандозӣ шудааст”, — иброз дошт коршиноси мо Рустам Ҳайдаров.

Ба гуфтаи вай, ҳамаи ин омилҳо заминаи ҳамкории дарозмуддати Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҳоло ва ҳам дар оянда аст.

«Созмонҳое, чун СААД ва ИА низ дар таҳкими ҳамкории кишварҳои пасошӯравӣ нақши мусбат бозида, садди боэътимоде барои амалҳои тахрибкор гардиданд. Таъмини амният дар Авруосиё, бахусус дар Осиёи Марказӣ бояд вазифаи муштараки Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад, ки ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи кишварҳои моро дар чаҳорчӯби СААД, ИДМ ва СҲШ дар назар дорад”, — гуфт муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон.

АКС аз Рустам Ҳайдаров

Май 18, 2022 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд