Дар Рашт масъалаи ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ» — таҳти чунин унвон дар ноҳияи Рашт бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳамоиш доир гардид. Дар он мутахассисони Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва мақомотҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш бо мутахассисони ҷамъоварандаи омори ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ доир ба ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ машварат гузаронида шуд.
Зикр шуд, ки дар назди Кумитаи руши сайёҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ҷалби доимии сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ гурӯҳи кории доимоамалкунанда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд, ки вазифаи он мукаммал намудани заминаҳои меъёрии омори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Айни замон дар асоси методологияи байналмилалӣ бо ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ тадқиқоти оморӣ дар самти сайёҳӣ идома доранд.
Гуфта шуд, ки мавҷуд будани маълумоти омории мукаммал барои сиёсати таъсирбахши давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, қабули қарорҳои дахлдор дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба минтақаҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад.
Водии Рашт яке аз минтақаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо рӯду кӯлҳои мусаффо, олами нодири ҳайвоноту наботот, кӯҳҳои сар ба фалак ва мардуми меҳмоннавозаш мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру саёҳат қарор дорад. Солҳои охир миёни сайёҳон дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит, ки дар онҳо сайёҳии шикор, экологӣ, кӯҳнавардӣ, рафтинг, пиёдагардиву аспсаворӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад, маҳбубияти хос пайдо намуда, ташрифи сайёҳон ба ин мавзеъҳо меафзояд.
Ҳамчунин масъулин аз ҳолати омодагии мавзеъҳо ва марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои қабули меҳмонону сайёҳон дар ноҳия дидан намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






