Дар Суғд ба 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон стипендияи Раиси вилоят супорида шуд

Май 24, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд​ маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят барои соли хониши 2021-2022 баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ ба​ 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят​ стипендия супорида, муҳассилинро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.

Зикр шуд, ки​ татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон эътибори бештар зоҳир мегардад.

Ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд низ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.​

Алҳол дар вилоят 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки дар ин муассисаҳо аз рӯи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.​

Дар соли хониши 2021-2022 шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, дар маҷмӯъ беш аз 69 ҳазору 936 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят​ 943 нафар магистранту аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд. ​

Аз 367 нафар довталабон 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуданд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Май 24, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд