Доир ба муқовимат ба коррупсия ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳамоиш доир гардид

Май 15, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 15.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияии идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои мухталифи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои террористию экстремистӣ» ҳамоиш доир гардид.

Тавре дар Академияии идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода, ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа Зулфия Аҳмадзода, сардори раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ, намояндагони вазорату кимитаҳои адлия, корҳои дохилӣ, хадамоти гумрук, кумитаи кор бо ҷавонон иштирок намуданд.

Даврон Сафарзода иброз дошт, ки терроризм ва экстремизм бо амалҳову оқибатҳои даҳшатбор ва бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва экстремизм ба амнияти миллӣ ва рушди босубот ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.

Зикр шуд, ки воқеияти сиёсии ҷаҳони муосир дар мубориза ба ифротгароию терроризм нишон медиҳад, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад ин таҳдидҳоро пурра решакан намояд, зеро доираи паҳншавӣ ва робитаҳои онҳо басо фарох мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб ҷаҳони имрӯза терроризму ифротгароиро ҳамчун мушкилоти умумибашарӣ эътироф намуда, муборизаи дастҷамъонаро ба муқобили онҳо мувофиқи мақсад мешуморад.

Нигора Муқимӣ изҳор намуд, ки муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар замони имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои муҳимми умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад.

Вобаста ба масъалаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон иброз намуданд, ки «бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додем. Албатта, муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад».

Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Зикр шуд, ки барои мубориза бурдан ба ин зуҳуроти номатлуби зараровар- терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза баранд. Ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошанд, набояд зудбовар, сода ва фирефтаи суханҳои дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгароию террористӣ шомил шаванд.

АКС: Академияии идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Судҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 80 ҳазор парвандаро баррасӣ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Вазорати адлия беш аз 17 ҳазор мавод оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд