Фестивали илмиву фарҳангии ҷавонони шаҳри Турсунзода ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон бахшида шуд

Май 12, 2022 09:56

ТУРСУНЗОДА, 12.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода дар доираи моҳномаи ҷавонон бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали илмиву фарҳангӣ доир гардид, ки дар он муовини раиси шаҳри Турсунзода Фахрия Бобоҷонзода, намояндагони прокуратура, суд, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурасул Раҷабов ва ҷавонону фаъолон иштирок намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Дар ҳамоиш иштирокчии  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурасул Раҷабов ба ҷавонони шаҳри Турсунзода  ёддоштҳои худро аз ҷараёни иҷлосия нақл намуда, барои ҳомии сазовори  марзу буми Ватан-Модар гаштану дар бунёдкорию созандагии мамлакат саҳм гузоштан маслиҳатҳои муфид дод.

Дар ҳамоиш намояндагони прокуратура ва суди шаҳри Турсунзода дар мавзӯъҳои «Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ» ва «Иҷлосия ва Истиқлол» маърӯзаҳо намуданд.

Дар ҷамъомади мазкур аз ҷониби аъзои маҳфили адабии “Адибони ҷавон”-и назди бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр аз эҷодиёти  адибони классик ва муосир шеърҳои ватандӯстонаву ҳикматомез қироат гардида, ҳунармандони театри “Оина” саҳнаҳои пандомез ба саҳна гузоштанд.

Дар фарҷом барои саҳми назаррас гузоштан дар тарбияи насли солиму ояндасоз ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ як гурӯҳ ҷавонони фаъол бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 12, 2022 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст