ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз Ҷоми Осиё-2022 ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ мегузаронад

Май 20, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии то  23-солаи   Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ мегузаронад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Барои иштирок дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 20 то 28 май баргузор мешавад, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби олимпии то  23-солаи Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват кардааст. Пеш аз марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дастаи  мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ҳарифони бозиҳои рафиқона баъдтар маълум мешаванд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19  июни имсол дар  Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи   Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо дастаҳои мунтахаби  ҷавонони то 23-солаи Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) ҳастанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Турон», Узбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

И.в. сармураббӣ – Аслиддин Ҳабибуллоев.

Акс: ФФТ

Май 20, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд