Имрӯз аз барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон расо 30 сол пур мешавад
ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 май аз барқарории равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон расо 30 сол пур мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи 1992 барқарор шудаанд. Аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 марти соли 2008 фаъолиятро оғоз кард.
Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори устувору пайгиронаи густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошанд ва мавқеи муштаракро оид ба баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба онҳо аъзо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд.
Ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тарафайн асосан вохӯриҳои сарони ду давлат дар форматҳои гуногун мусоидат мекунад.
15-16 марти соли 2007 ва 16-17 октябри соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
13-14 августи соли 2007, 11-13 июли соли 2012 ва 9-11 августи соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Ҳангоми боздидҳо самтҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ, ки ба шарикии дарозмуддат нигаронида шудаанд, муайян карда шудаанд.
Сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи августи соли 2018 ҳамчун рӯйдоди муҳим дар рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон арзёбӣ мегардад.
Дар айни замон, заминаи ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон 57 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки муҳимтарини онҳо Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад, ки 16 марти соли 2007 имзо шудааст. Ҳуҷҷатҳои байни ду кишвар қабулшуда бешубҳа заминаи ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар тамоми соҳаҳо мебошанд.
Дар доираи ҳамкории бисёрҷониба робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Озарбойҷон низ тайи солҳои охир ривоҷи тоза мегиранд. Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлис Ҷумҳурии Озарбойҷон гурӯҳи байнипарламентӣ фаъолият мекунад, ки нақши он дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии ду кишвар муассир аст.
Нақши Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ бузург мебошад, ки аз соли 2008 инҷониб амал мекунад. То имрӯз 4 ҷаласаи Комиссия баргузор гардид, ки дар доираи онҳо оид ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузорӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон металлургияи ранга, комплекси агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия мебошанд.
Ширкатҳои тоҷикӣ бо шарикони озарии худ дар бахши нафт ва саноати кишоварзӣ ҳамкории зич барқарор намудаанд, ки ин ба таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи Озарбойҷон имкон фароҳам меорад. Дар ин росто ҳамкорӣ бо ширкати давлатии нафти Озарбойҷон «СОКАР», инчунин бо як қатор ширкатҳои дигари Озарбойҷон дар соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар соҳаи нақлияёт ҳамкории ду кишвар инчунин дар самти истифодаи имкониятҳои транзитии Озарбойҷон ба чашм мерасад. Ҷараёни асосии боркашонии маҳсулоти Тоҷикистон тариқи долони Фароқафқозӣ сурат мегирад.
Корхонаи ТАЛКО-и Тоҷикистон маҳсулоти алюминийи истеҳсолшударо тавассути роҳҳои баҳрӣ ва оҳани Озарбойҷон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо интиқол медиҳад. Ғайр аз ин, корҳо бобати ба таври муштарак оғоз намудани фаъолияти корхонаи гилхокбарории Ганҷа идома доранд.
Инчунин дар таърихи 29 апрели соли 2020 дар Озарбойҷон Хонаи тиҷоратии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар доираи фаъолияти ин сохтор таваҷҷуҳи хос ба фурӯши маҳсулоти саноати сабук ва кишоварзии Тоҷикистон дар бозори Озарбойҷон равона мегардад.
Ҳаҷми гардиши тиҷорати дуҷониба дар соли 2019 беш аз 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар шашмоҳаи соли 2020 ин нишондод ба 2,5 млн. доллари ИМА расид.
Ҳамкории байниминтақавӣ босуръат инкишоф ёфта, байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Ганҷа ҳамкории фаъол ба роҳ монда шудааст.
Ҳамкории илмию фарҳангии ду кишвар яке аз саҳифаҳои дурахшони равобити Тоҷикистону Озарбойҷон маҳсуб мешавад. Қаробати жанрҳои мусиқии классикии «Шашмақом»-тоҷикӣ ва «Мақом»-и озарӣ, инчунин ҳамнавоии «Фалак»-и тоҷикӣ ва «Ошиқ»-и озарӣ заминаи хуб барои чунин ҳамкориҳост. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ, аз қабили Рӯзҳо ва Ҳафтаҳои фарҳанг, намоишгоҳҳо ва ҷашнвораҳои филм, дар таҳкими равобити фарҳангӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ва қарордодҳое, ки миёни донишгоҳҳои ҳар ду кишвар ба имзо расидаанд, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф назаррас аст. Айни ҳол 47 донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои мухталифи Озарбойҷон таҳсил мекунанд. Ҳамкорӣ дар самти ҷудо кардани квотаҳои иловагӣ барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои олии Озарбойҷон идома дорад.
Дар маҷмӯъ, ҷараёни рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон гувоҳӣ медиҳад, ки ҷонибҳо ба тавсеаи равобити бисёрҷонибаи мутақобилан судманд, тиҷоратию иқтисодӣ, гуманитарӣ ва таҳкими равобити сиёсӣ манфиатдор мебошанд. Ҷонибҳо барои рушди ҳамкории дуҷониба дар рӯҳияи эътимод ва шарикии мутақобила таваҷҷуҳи тарафайн доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»