Кишоварзони Фархор ба хориҷи кишвар пиёз содирот менамоянд
ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор барои таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти мардум бо маводи ғизоӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот мувофиқи дурнамои кишти зироати кишоварзӣ, дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 264 гектар кишти картошта ва дар майдони 274 гектар кишти пиёз гузаронида шудааст, ки 110 гектари онро кишти барвақтӣ ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор иттилоъ доданд.
Деҳқонони ноҳия ба ҷамъоварии пиёз шурӯъ карда, ният доранд ҳосили ба даст омадаро ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ ва дар саҳро кишти такрорӣ ба роҳ монанд.
Дар хоҷагиҳои деҳоти Истиқлол ва Хуросони ноҳия кишоварзон дар баробари дигар номгӯи маҳсулот ҳар сол аз кишти картошкаю пиёз низ ҳосили фаровон ва даромади хуб ба даст меоранд.
Дар ноҳия имсол нақшаи содироти кишоварзӣ 3200 тонна пешбинӣ гардидааст.
Масъулини соҳа ва кишоварзони ноҳия иқдом гирифтаанд, ки рӯзҳои наздик баъд аз ҷамъоварӣ кардани пиёз содироти ин номгӯи маҳсулотро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.
Хоҷагидорони ноҳия соли равон ҳосили боғҳо ва нашъунамои майдони полезиро хуб арзёбӣ намуда, аз ҳисоби истеҳсоли мева ва полезӣ низ бояд имсол содироти маҳсулот бештар карда шавад. Ин тадбир ба даромади иқтисодии аҳли заҳмат ва ҳавасмандии онҳо нисбат ба таъмини рушди соҳа мусоидат менамояд.
Дар хоҷагиҳои ноҳия ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладонагӣ низ шурӯъ гардида, кишоварзон барои оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини коррами обӣ иқдом гирифтаанд, ки маъракаи ҷамъоварии ҳосилро вусъат бахшанд.
АКС: Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Фархор








Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид






