Сергей Лавров ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба Душанбе омад

Май 11, 2022 21:12

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров шоми имрӯз вориди Душанбе шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Роҳбари  идораи дипломатии Русия аз Маскат- пойтахти Уммон, ки бо сафари корӣ дар он ҷо қарор дошт, вориди Душанбе шуд. Сергей Лавров дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил /ШВКХ ИДМ/, ки 13 май дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе доир мегардад, ширкат хоҳад кард.

Тавре қаблан  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  иттилоъ дода буд, рӯзномаи нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ самарабахш хоҳад гузашт. Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони  корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ  ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодро баррасӣ намуда, ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва густариши робитаҳо дар бахшҳои гуманитарӣ ва илмӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ аз рӯи анъана соле ду маротиба баргузор мешаванд.

Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатӣ моҳи октябри соли равон дар Нур-Султон — пойтахти Қазоқистон баргузор шавад.

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми асосии иҷроияи ИДМ мебошад. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзо, аз ҷумла фаъолияти онҳоро дар созмонҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 11, 2022 21:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд