МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҷомеаи ҷаҳон бояд ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонида шавад
ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти глобалиест, ки ҷомеаи ҷаҳонро бо пайомадҳои манфии худ нигарон кардааст. Аз ин рӯ ҷомеаи ҷаҳон бояд, тамоми имкониятро барои кам кардани партовҳо ва паст кардани суръати гармшавии глобалӣ анҷом дода, ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим мутобиқ шавад. Чунин маслиҳат медиҳад устоди факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исломиддин Саидов.
Мавсуф зикр намуд, ки «вобаста ба пешгирии пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим, ки дар шакли рӯзҳои гармтар ё сардтар ва ё болоравии сатҳи баҳр ба амал меоянд, роҳҳои зиёди мутобиқшавӣ мавҷуданд. Масалан, барои салқин нигоҳ доштани ҳавои хона шахс метавонад дар атрофи он дарахт шинонад. Тоза кардани майдони буттаҳо метавонад хатари сӯхторро кам кунад».
Бояд гуфт, ки як таъсири тағйирёбӣ- ин баланд шудани ҳарорати ҳаво мебошад. Ин баландшавӣ сараввал сабаби аз байн рафтани захираҳои оби ошомиданӣ дар сатҳи сайёра мегардад, зеро сарчашмаи обрасонии бештари заминҳои кишоварзӣ пиряхҳо ба шумор мераванд.
Вобаста ба ин масъала 12 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Париж зимни баргузории ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки «дар Тоҷикистон, ки дорои 13 ҳазор пирях мебошад, аз таъсири тағйирёбии иқлим ҳазор пирях нобуд гардидааст. Ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад».
Ҳамчунин дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди амал қарор гирад.
«Бо назардошти тағйирёбии иқлим, ки он ба бисёр соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонад, фаъолияти мутобиқшавӣ низ бояд васеътар бошад. Иқтисоди мо ва умуман ҷомеаи мо бояд ба иқлим бештар тобовар шавад. Ин саъю кӯшиши зиёд талаб мекунад. Шояд зарур бошад, ки роҳу пулҳо сохта ё такмил дода шаванд, то ба ҳарорати баланд ва шиддати шамол тобовар бошанд. Дар баъзе шаҳрҳои наздисоҳилӣ барои нигоҳ доштани кӯчаҳо ва хатҳои нақлиётии зеризаминӣ аз обхезӣ таҷҳизоти техникии маълумотдиҳӣ ва огоҳкунанда бояд насб карда шаванд»,- гуфт номбурда.
Дар саросари ҷаҳон барои системаҳои огоҳсозии пешакӣ, инфрасохтори ба иқлим тобовар, баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ, ҳифзи ҷангалзор ва идоракунии устувори об сармоягузории 1,8 триллион доллар масраф менамоянд, ки ҳам аз ҷиҳати хароҷоти пешгиришуда ва ҳам манфиатҳои гуногуни иҷтимоию экологӣ 7,1 триллион доллар даромад ба даст оварда мешавад. Дастрасии умумӣ ба системаҳои огоҳкунии пешакӣ метавонад то даҳ маротиба аз арзиши аввалин фоида ба даст орад. Инчунин тадбирҳои мутобиқшавӣ аз системаҳои обёрии бо неруи офтобӣ истифодашавандаи бештари хоҷагиҳо то соли 2050 аз талафоти ҳосили ҷаҳонии зироат то 30 фоиз пешгирӣ карда мешавад.
Коршинос зикр кард, ки «ташкили гармхонаҳо ва сардхонаҳо барои пешгирии талафоти зироати кишоварзӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим воситаи манфиатбахш мебошад. Зеро ба ин восита тамоми сокинон дар чор фасли сол бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин мегарданд».
Тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 90 фоизи аҳолии Осиёи Миёна аз захираҳои обие, ки дар кӯҳҳо ташаккул ёфтаанд, вобаста мебошанд. Ба хоҷагиҳои деҳқонии мамлакатҳои дар пастӣ ҷойгир об асосан дар фаслҳои тобистону тирамоҳ ва ба мамлакатҳои кӯҳсор об барои истеҳсоли энергия дар фасли зимистон зарур аст.
Дар Тоҷикистон барои мутобиқ гардидан ба камобӣ бояд кадом тадбирро амалӣ намоянд?
«Барои таъмини заминҳои киштшаванда бо об усулҳои гуногун пешниҳод гардидаанд. Яке аз ин усулҳо, ки дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст, усули обёрии қатрагӣ мебошад»,- гуфт ӯ .
Тоҷикистон барои андешидани роҳҳои гуногуни мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ташаббусҳои зиёде пешниҳод намудааст, ки онҳо ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаи обу иқлим даъват менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид






