МУҲОКИМАИ ПАРЛУМОНӢ. Мавзӯи лоиҳаи идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо ташаббуси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) муҳокимаи парлумонӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар муҳокимаи парлумонӣ вакилон, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносӣ иштирок намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дустмуродзода зимни баррасии масъалаи мазкур иброз намуд, ки «бо мақсади татбиқи самаранок ва мақсадноки лоиҳаи мазкур Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ ва Бонки Осиёгии Рушдро ба роҳбарӣ гирифта, ҳамкориро бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст.
Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар якҷоягӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва мақсадҳои дар назди лоиҳа гузоштаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои сари вақт амалӣ гардидани онҳо чорабиниҳои заруриро амалӣ намуда истодааст».
Дар доираи татбиқи лоиҳа чорабиниҳои зерин амалӣ карда шуданд:
Бо мақсади татбиқи саривақтии лоиҳа тибқи тартиботи муқарраргардида Низомномаи фаъолияти Гурӯҳи татбиқи лоиҳа омода гардида, аз ҷониби Агентии иҷроия тасдиқ карда шуд.
Ҷиҳати сари вақт татбиқ намудани лоиҳа Гурӯҳи татбиқи лоиҳа таъсис дода шуда, тибқи тартиби муқарраргардида, 12 нафар мутахассисони миллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.
Барои ҳамоҳангсозии корҳои лоиҳа тибқи талаботи Бонки Осиёии Рушд, дар асоси озмун ширкати байналмилалии мушовирии FCG (Финляндия) интихоб гардида, 5 июни соли 2019 байни ширкати мазкур ва Агентии обуҳавошиносӣ қарордод ба имзо расид. Дар доираи қарордоди мазкур 6 нафар мушовирони байналмилалӣ ва 6 нафар мушовирони миллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Яке аз самтҳои татбиқи лоиҳа- ин таҷдиди бинои асосӣ ва хизматрасонии Агентии обуҳавошиносӣ ба шумор меравад. Бояд зикр намуд, ки ба тавозуни Агентии обуҳавошиносӣ гузаронидани иншооти сохтмонаш нотамоми «Корпуси муҳандисию озмоишии обуҳавошиносӣ» талаботи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ба шумор мерафт.
Дар доираи қисмати беҳтар намудани системаи пешгӯӣ ва огоҳкунии ҳодисаҳои обхезӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ номгӯи таҷҳизоти обуҳавошиносӣ барои минтақаҳои пилотӣ (дидбонгоҳҳо ва стансияҳои обуҳавошиносӣ) дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ ва кормандони масъули Агентии обуҳавошиносӣ бо Агентии иҷроия омода гардида истодаанд.
Аз рӯи масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи мазкур Муҳибулло Ҷунайдов сухан гуфтанд.
Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ роҷеъ ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.
Акс: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






