ҶОМИ ОСИЁ-2022. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ширкат дар ин мусобиқа озими Тошканд шуд

Май 31, 2022 08:21

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев 30 май барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 вориди шаҳри Тошканд шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022 22 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар шомил карда шуд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июн дар Узбекистон баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) мебошанд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар ин мусобиқот 3 июн бо дастаи Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Оятулло Сафаров («Файзканд»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Тӯрон», Узбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);

Ҳамлагарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Салоҳиддин Ғафуров – сардори ҳайат, Аслиддин Ҳабибуллоев – иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ, Раҳматулло Фузайлов – мураббӣ, Юсуф Рабиев – мураббӣ, Фаррух Марофиев – мураббӣ-таҳлилгар, Меҳвар Сулаймонов – мураббии дарвозабонҳо, Беҳрӯзи Айниддинзода – менеҷер, Бахтиёр Маҷидов – мудир, Абдусаттор Қаландаров – табиб, Ҳабибулло Доров – масҳгар.

Акс: ФФТ

 

Май 31, 2022 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд