Пагоҳ дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 13 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҷиҳати иштирок дар ҷаласа шоми дирӯз вориди Душанбе шуд.
Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми асосии иҷроияи ИДМ мебошад. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзо, аз ҷумла фаъолияти онҳоро дар созмонҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






