ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Панҷакент маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид

Май 17, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи VXI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Маркази ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардида, 14 адад мошинаҳои муосири дӯзандагӣ аз номи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.

Ин иқдом дар ҳошияи баргузории давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гирифта шуд. Дар ин марказ занони хонашин ва камбизоат метавонанд намунаи ҳунарҳои дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, зардӯзӣ, ҷелакдӯзӣ ва тоқиҳои занонаву мардонаро аз худ намоянд.

Мақсад аз кушодани ин марказ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҷалби бонувон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва ба ин васила пайдо намудани ҷойи кори муносиб мебошад.

Дар расми ифтитоҳи Маркази ҳунарҳои мардумӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, гурӯҳе аз шунавандагони курси бозомӯзӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигарон ширкат доштанд.

Дар ҷараёни ифтитоҳи Маркази ҳунарҳои мардумӣ намоиши дастовези бонувони корманд, ки дорои сертификати махсусанд, пешкаш гардид. Дар марказ 28 нафар занони хонашин дар ду баст соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд ва дар назар аст, ки барои омӯзонидани занону духтарони деҳаҳои дурдасти шаҳр курсҳо ташкил шаванд.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳизб ба масъалаи ҷалби занону духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Модарону занони ҳунарманд, ки то ин дам фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд, аз ифтитоҳи марказ ва шароити хуби корӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарияти олии ҳизб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доимии занон миннатдорӣ баён карданд.

Чунин марказҳо аз ҷониби ҳизб аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Ҳисор, Кӯшониён, Нуробод ва Рӯшон ифтитоҳ гардиданд.

Маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои қадимии тоҷикон аз нав эҳёву барқарор гардида, нишондиҳандаи фарҳанги пурғановати халқамон мебошанд. Бонувони кишвар имконият пайдо кардаанд, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи давлат ва ҳукумат истифода бурда, ҳунари аҷдодии худро рушд диҳанд ва зиндагиашонро пеш баранд.

Дар назар аст, ки чунин марказҳои ҳунаромӯзӣ бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дигар шаҳру навоҳии дурдасти мамлакат низ ифтитоҳ гарданд.

АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Май 17, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд