ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Зимни бунёди иншооти давлатӣ масъулин бояд тамоми масолеҳи заруриро аз дохили ВМКБ дастрас намоянд

Май 10, 2022 11:52

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бояд ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд. Ҳангоми сохтмони иншооти давлатӣ дар ҳудуди вилоят масъулини сохтмон бояд тамоми масолеҳи сохтмониро аз дохили вилоят дастрас намоянд, ки ин метавонад ба фаъолияти кории соҳибкорони маҳаллӣ такони ҷиддӣ бахшад. Ин нуктаро Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни баргузории ҷаласаи корӣ иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

16 марти соли 2022 бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 ба тасвиб расид. Дар ин санад фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва кам намудани санҷишҳои мақомоти назоратӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои гузашта бораи дастгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторийҳои гуногун низ ҷорӣ намуда буд, ки онҳо дар беҳтар гардидани натиҷаҳои фаъолияти соҳибкорӣ самараи дилхоҳ доданд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси ВМКБ, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва соҳибкорони маҳаллӣ иштирок намуда, масъалаи саноатикунони босуръати мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Алишер Мирзонабот ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят супориш дод, ки барои тайёр намудани либоси мактабӣ бо коргоҳҳои дӯзандагии ВМКБ шартномаҳои ҳамкорӣ бастанд.

 Акс: МИҲД-и ВМКБ

Май 10, 2022 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
Дар заминаи корхонаи «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» хати нави истеҳсоли амстронг бунёд мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи барҳамхӯрӣ ва аз фаъолият мондани корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд изҳори нигаронӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд