Шараф Шерализода бо ҳайати Агентии рушди байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 май муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо ҳайати Агентии рушди байналмилалии Ҷопон (JICA) таҳти роҳбарии муовини мудири кулли Департаменти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Қафқози Агентӣ Танабе Ҳидеки вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сатҳи кунунии равобит дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва имконияти густариши баъдии он табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷопон бо Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Синичи Китаока мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқоти навбатӣ барои баррасии дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори хушнудӣ карданд
«Ҷопон яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва мо ба рушду тавсеаи равобити ҳамкорӣ бо он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем»,- таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар мулоқот Президенти мамлакат саҳми Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA)-ро дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо махсус таъкид доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, мутобиқсозии стратегияҳои дуҷониба барои татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногун, бахусус се самти асосӣ — расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон табодули андеша карданд.
Дар доираи муносиботи дуҷониба рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои махсус, ҷалби сармояи японӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таъсиси Фонди сармоягузории Ҷопон ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок муҳим арзёбӣ гардид.
Акс: ВКХ ҶТ








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд






